27 нояб. 2023

IMEI чист? Маъумоти пурра, нарху наво ва тарзи воридкуни ба система

Дар Точикистон вориднамоии рамзҳои IMEI ба Системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алокаи барқӣ идома дорад. Рамзҳои IMEI-и ҳамаи таҷҳизотҳои мобилӣ, ки слоти симкорт доранд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид карда шаванд. Дар сурати ба система ворид нашудани рамзи IMEI, хизматрасонии операторхои алоқаи мобилӣ метавонад қатъ карда шавад.

  Мақоми таҷҳизоти мобилиро метавонед бо рақамчинии фармоиши USSD *3366# ва ё дар сомонаи imei.tj муайян намоед.

  Воридкунии рамзҳои IMEI-и таҷҳизотҳои мобилӣ ба Системаи давлатӣ то 30 апрел ройгон ба таври автоматӣ бо роҳи пайвастшавӣ ба шабакахои операторхои алокаи мобилӣ сурат мегирад. Барои ин кофист, ки таҷҳизоти мобилиро хомуш намуда, дубора фаъол гардонед.


Афзалиятҳои системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ.

  1. Пешгирии воридоти ғайриқонунии дастгоххои мобилй

  2. Ташкили маҳзани миллии рамзҳои IMEI-и воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ.

Таъмини ҳифзи ҳуқуқи соҳибмулкон тавассути қатъ намудани дастгоҳҳои мобилии гумшуда ё дуздидашуда.


Муайян намудани рамзҳои IMEI – и воситаи мобилӣ.


Бо рақамчинӣ намудани фармоиши *#06#, дар қуттии воситаҳои мобилӣ бевосита дар зери штрих-код, дар батарея (паси телефон), саҳифаи танзимоти (настройка) таҷҳизот ва варақаи кафолатии таҷҳизот (гарантийний талон).


Чӣ тавр мақоми рамзи IMEI-и воситаи мобилиро дар Системаи давлатӣ тафтиш кард?


1. Дар портали ягонаи (сайт) Оператори системаи давлатӣ: www.imei.tj
2. Тавассути USSD-дархости 3366#.
3.Тавассути USSD-дархости
3366*рамзи-IMEI# мақоми рамзи IMEI-и махсуси воридкардашуда, муайян карда мешавад.


Мақоми (статус) рамзи IMEI-и воситаи мобилӣ чӣ маъно дорад?


Мақоми рамзи IMEI ин маълумот оид ба ҷойгиршавии рамзи IMEI – и воситаи мобилӣ дар рӯйхатҳои махзани иттилоотии Системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ. 4 навъи мақоми рамзи IMEI вуҷуд дорад.

1) Рӯйхати сафед - Рамзи IMEI-и таҷҳизот ба Системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ворид шудааст.
2) Рӯйхати хокистарранг - Таҷҳизот аз барасмиятдарории гумрукӣ нагузаштааст. Дар муддати 30 рӯз бо истифода аз портали ягона www.imei.tj рамзи IMEI-и дастгоҳ бояд ба Системаи давлатӣ ворид карда шавад. Дар сурати баръакс, хизматрасонии алоқаи барқӣ (интернет, зангҳо, SMS, USSD - дархостҳо) қатъ мегардад.
3) Рӯйхати сиёҳ - Рамзи IMEI-и таҷҳизот аз барасмиятдарории гумрукӣ нагузаштааст, аз ҳамин сабаб хизматрасониҳои алоқаи барқӣ: (интернет, зангҳо, SMS, USSD - дархостҳо) барои ин воситаи мобилӣ қатъ карда шудааст.
4) Руйхати алоқамандшудаи сафед - рӯйхати рамзҳои IMEI -и воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки ҳаммонанд шудаанд ё муайян нашудаанд, лекин ба таври автоматӣ бо пайвасти IMEI ва рақами телефони муштарӣ ба Системаи давлатӣ ворид шудаанд. Воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ бо рамзи IMEI, ки ба рӯйхати сафед алоқаманданд, танҳо бо рақамҳои бо он воридшуда истифода бурда мешаванд.


Чӣ гуна шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд рамзи IMEI-и таҷҳизоти мобилиро ба системаи давлатӣ ворид кунанд?


Агар воситаи мобилии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роуминги байналмилалӣ фаъолият намояд, дар ин ҳолат зарурияти воридсозии воситаҳои мобилии шаҳрвандони хориҷӣ ба Системаи давлатӣ вуҷуд надорад. Инчунин шаҳрванди хориҷӣ дар давоми 30 рӯз имконияти истифодаи хизматрасониҳои алоқаи мобилии маҳаллиро бе гузаштани расмиёти воридсозии рамзи IMEI ба Системаи давлатӣ доранд. Аммо агар шаҳрванди хориҷӣ нияти будубоши бештар аз 30 рӯз дар қаламрави Тоҷикистонро дошта бошад рамзи IMEI – и таҷҳизоти ӯ тибқи тартиби муқарраркардаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2023, №208 амалӣ карда мешавад.


Тавсияҳо пеш аз харидории воситаҳои мобилӣ (телефон, планшет ва КПК) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳвандон пеш аз харидорӣ намудани телефони мобилӣ, планшет ва ё дастгоҳҳои сайёр дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аввал мавҷуд будани рамзи IMEI-и ин дастгоҳро дар Системаи давлатӣ бо истифода аз портали ягонаи www.imei.tj, фармоиши 3366# ва ё бо фармоиши махсуси 3366*IMEI# тафтиш намояд. Агар муайян гардид, ки рамзи IMEI - и воситаи мобилӣ (телефон, планшет, КПК) ба системаи давлатӣ ворид нагардидааст ( дар руйхати хокистарранг ва ё сиёҳ қарор дорад), пас аз харидории чунин таҷҳизот худдорӣ намоед.


Чӣ тавр рамзи IMEI аз маҳдудиятҳои хизматрасонии алокаи барқӣ озод карда мешавад?

Маҳдудиятҳои хизматрасонии алокаи барқӣ барои рамзи IMEI-и воситаҳои мобилие, ки дар “рӯйхати сиёҳ” қарор доранд, танҳо баъд аз гузаштани расмиёти гумрукӣ гирифта мешавад. Пас аз воридкунии бомуваффақияти рамзи IMEI ба “рӯйхати сафед” бояд таҷҳизоти мобилиро бозоғоз намуд.


Доштани ду ё зиёда рамзи IMEI дар таҷҳизотҳои мобилӣ чӣ маъно дорад?

Воситаи мобилии дорои ду ё зиёда модули SIM – корт мутаносибан дорои рамзи IMEI мебошад, ки барои истифодаи хизматрасониҳои алоқаи барқӣ ( интернет, зангҳо, SMS, USSD - дархостҳо) ҳар як рамзи IMEI – и он бояд ба Системаи давлатӣ ворид карда шавад.Рамзи IMEI-и воситаҳои мобилӣ ба Системаи давлатӣ новобаста аз иваз шудани SIM-корт як маротиба ворид карда мешавад.


Муҳлати воридкунии рамзи IMEI ба системаи давлатӣ пас аз фаъол кардани SIM-корт дар таҷҳизоти мобилӣ.

Пас аз фаъол намудани SIM-корт дар таҷҳизоти мобилӣ зарур аст, ки онро дар давоми 30 рӯз ба Системаи давлатӣ ворид кунед.


Ҳангоми гум ё дуздида шудани таҷҳизоти мобилӣ чӣ бояд кард?

Ҳангоми гум ё дуздида шудани таҷҳизоти мобилӣ метавон ба мақомоти корҳои дохилии Чумҳурии Точикистон бо пешниҳоди ҳуҷҷати соҳибмулкӣ, муайянкунандаи рамзи IMEI-и таҷҳизоти мобилӣ муроҷиат намуд.


Воридкунии рамзҳои IMEI-и дастгоҳҳои мобилӣ ба Системаи давлатӣ барои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ чӣ тавр амалӣ карда мешавад?
Барои соҳибкорон ва шахсони ҳуқуқӣ имконияти кушодани утоқи шахсӣ дар портали ягонаи Оператори системаи давлатӣ ҷиҳати воридсозии рамзҳои IMEI-и воситаҳои мобилӣ таъмин карда шудааст. Барои кушодани утоқи шахсӣ соҳибкорон ва шахсони ҳуқуқиро мебояд, ки ба портали ягонаи www.imei.tj ворид шуда, дар он сутуни дархост барои шахсони ҳуқуқиро интихоб намоянд. Бо пайдо шудани маълумот сутуни бақайдгириро пахш намоянд ва дар он маълумотҳои зарурӣ ва ҳуҷҷатҳои таъсисиро ворид созанд.
Оператори системаи давлатӣ пас аз тафтиши дурустии маълумотҳои ирсолкардаи соҳибкорон ва шахсони ҳуқуқӣ дархостро тасдиқ ва ё рад менамояд. Баъд аз тасдиқ шудани дархост СМС – паёмак ба рақами телефони нишондодашуда ирсол мегардад. Пас аз кушодани утоқи шахсӣ Соҳибкорон ва шахсони ҳуқуқӣ метавонанд бо истифода аз логин (ном) ва рамз ба утоқи шахсӣ даромада, ҳамаи рамзҳои IMEI-и воситаҳои мобилиро ба Системаи давлатӣ ворид намоянд. Бо ворид намудани рамзҳои IMEI-и воситаҳои мобилӣ ба портали ягона, Система ба таври автоматӣ намуд, тамға, хусусият ва нархи воситаҳои мобилиро муқаррар намуда, ба Воридоткунанда арзиши пардохтҳои гумрукиро тариқи SMS-паёмак ирсол мекунад.
Пас аз пардохти пурраи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз ҷониби воридоткунанда, декларатсияи гумрукӣ тартиб дода шуда, рамзҳои IMEI-и воситаҳои мобилии пешниҳодшуда ба Системаи давлатӣ ворид карда мешаванд ва бо ин соҳибкорон ва шахсони ҳуқуқӣ метавонанд озодона воситаҳои мобилии воридотшударо ба фурӯш бароранд.


Воридкунии рамзҳои IMEI-и таҷҳизотҳои мобилӣ ба Системаи давлатӣ миқдоран маҳдудият дорад?

Маҳдудият вуҷуд надорад.

Кадом воситаҳои мобилӣ бояд ба Системаи давлатӣ ворид гарданд?

Рамзи IMEI – и ҳама дастгоҳҳое, ки дорои слоти SIM-корт мебошанд (телефонҳо, планшетҳо, дастгоҳҳои сайёр, соатҳои ҳушманд, роутерҳо, дастгоҳҳои ҳушманд ва ғайра) ба Системаи давлатӣ ворид карда мешаванд.
Рамзи IMEI – и воситаҳои мобилие, ки то 1 октябри соли 2023 дар шабакаҳои операторони мобилии маҳаллӣ фаъол буданд, ба таври автоматӣ ва ройгон ба Системаи давлатӣ ворид карда шудаанд.
Дигар таҷҳизотҳо, аз ҷумла адаптер, роутер, ҳисобкунаки электроэнергия, воситаҳои нақлиёт бо модули SIM, модулҳои GPS, GSM/GPRS ва POS-терминалҳо, компютер ва ноутбукҳо, модемҳо, соат ва фитнес дастбандҳо бо модули SIM – корт ба таври автоматӣ пас аз пайвастшавии якуми шабакавӣ бе иштироки истифодабаранда ба Системаи давлатӣ ворид карда мешавад. Ба истиснои талефонҳои мобилӣ, планшетҳо ва дастгоҳҳои сайёру киссагӣ (КПК), ки барои ба Системаи давлатӣ воридсозии рамзи IMEI-и онҳо мавҷудияти декларатсияи гумрукӣ талаб карда мешавад.


Воридкунии рамзи IMEI-и таҷҳизоти мобилӣ ҳангоми аз меъёри имтиёзнок зиёд будан аз тарафи шахсони воқеӣ?

Дар сурати аз меъёри имтиёзнок зиёд ворид намудани таҷҳизот аз тарафи шахсони воқеӣ рамзи IMEI-и таҷҳизоти мобилии онҳо баъди гузаштан аз барасмиятдарории гумрукӣ бо тартиби умумӣ ва пардохт намудани пардохтҳои гумрукӣ ба Системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ворид карда мешавад.
Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағи барасмиятдарории гумрукӣ аз: 15% ААИ - аз арзиши умумии дастгоҳ, 10 доллари амрикоӣ – хироҷи гумрукӣ ва 50 сомонӣ – пардохтҳои мурофиавӣ иборат мебошад.


Шахсони бешаҳрванд чи гуна рами IMEI-и воситаи мобилии худро ба Системаи давлатӣ ворид намоянд?

Воридсозии рамзи IMEI ба Системаи давлатӣ, бе истисно, барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ягона пешбинӣ шудааст.


Нархи давлатии дохилкунии IMEI ба система

50 сомони барои хизматрасони

10 доллар барои бочи гумрук

15 фоиз андоз аз нархи телефон


Мавод аз сомонаи imei.tj/ гирифта шудааст