SAMIEV UMED
Биёед пеш аз ҳама як чизро дуруст дарк кунем: аз тамошо (просмотр) ва лайк дар Instagram пул кор карда намешавад. Яъне худи Instagram барои лайк ё просмотр ба шумо ягон дирам намедиҳад. Пас чаро блогерҳо пайваста мегуянд: “Лайк монед, лайк фаромӯш нашавад”? Дар идома ҳамаашро шарҳ медиҳам — то охир бихонед.
Прасмотру ва лайкҳои зиёд дар Instagram дар он ҳолат барои шумо муҳим мешаванд, ки вақте мехоҳед ба рекламадиҳандагон (рекламодатель) ҳисоботи хуби саҳифаи худро пешниҳод кунед.
Яъне, Instagram барои лайк ва просмотр (просмотр — просмотры) пул намедиҳад, вале агар шумо блог дошта бошед ва просмотру обуначиёни зиёд, ширкатҳо ва шахсони алоҳида хоҳанд хост, ки тавассути шумо рекламаи худро пешбарӣ кунанд.
Дар чунин ҳолат, шумо танҳо нархи рекламаатонро мегӯед ва пост ё сториро нашр мекунед — ҳамин қадар. Барои чунин пулкоркунӣ (заработок) шумо фақат як блог месозеду, дар он фаъолона контент нашр мекунед.
Вақте ки аудиторияи шумо калон шуд метавонед худатон ба ширкатҳо пешниҳоди реклама кунед. Агар блоги шумо просмотру обуначиёни хуб дошта бошад, аз ҳар 10 ширкате ки пешниҳод мекунед, ҳадди ақал 1-тоаш розӣ мешавад ки бо шумо ҳамкорӣ кунад.
Биёед аввал фаҳмонем, ки бартер чист. Ростиаш, тарҷумаи дақиқи ин калима ба тоҷикӣ нест, вале маънояш «доду гирифтан» ё «мубодила» аст. Бо ин роҳ шояд пул наёбед, аммо метавонед чизҳои кимматбаҳоро ба даст оред.
Барои ин, шумо ба мағозаҳо ё ширкатҳо муроҷиат мекунед ва пешниҳод мекунед, ки онҳоро реклама мекунед. Онҳо бошад дар навбати худ ба шумо ягон намуди маҳсулоте, ки мефурӯшанд, бепул медиҳанд.
Бартер яке аз роҳҳои хуби реклама аст — ҳам барои ширкатҳо ва ҳам барои блогерҳо.
Яке аз роҳҳои дигари пул кор кардан аз шабакаҳои интернетӣ ин реклама кардани тиҷорати худ аст. Яъне шумо аввал блоги худро мекушоед, пас молу маҳсулоти худро реклама мекунед. Агар маҳсулот надошта бошед, метавонед пешниҳодҳои бартерро истифода баред ва амал кунед.
Роҳи дигараш ин кушодани интернет-магазин аст, яъне бе блог, танҳо профили магазинатонро мекушед ва бо ҳамин фурӯшро оғоз мекунед.
Агар шумо дар ягон соҳа хуб дарк ва таҷрибаи кофӣ дошта бошед, метавонед ин илм ва таҷрибаи худро фурӯшед. Аммо дар ин ҷода, чунон ки дар боло гуфтам, бояд таҷрибаи хуб дошта бошед. Зеро ҳоло дар инстаграми тоҷикӣ блогерҳои зиёд ҳастанд, ки "а"-ро аз "б" фарқ намекунанд, аммо "курс" мефурӯшанд. Ман ҳамаро дар назар надорам, аммо чунин нафарон ҳастанд.
Барои ҳамин ба шумо тавсия медиҳам, ки аввал ҳамаи роҳҳои пулкоркуниро, ки дар боло зикр шуданд, амал кунед. Якчанд сол барои таҷриба кор кунед, пас нишон диҳед, ки маҳз бо ҳамин тарз кор кардан мумкин аст. Сипас метавонед бо итминон илм ва таҷрибаи худро фурӯшед.
Аз блогерҳое, ки нав корро сар мекунанду зуд ба фурӯхтани курс мегузаранд, худатон андеша кунед: чӣ чизро метавон омӯхт?
Обуначиён пулакӣ
Дар Instagram мумкин аст бо кӯмаки обуначиён ва тӯҳфаҳои онҳо пул кор кард. Барои мисол, дар Reels обуначиён метавонанд ба шумо тӯҳфа диҳанд — ки онҳоро баъд ба пул табдил медиҳед. Ин барои блогҳои махсус ва касоне, ки маслиҳат медиҳанд, хеле хуб аст.
Ҳамчунин як имконият ҳаст — “обуначии пулакӣ”. Яъне обуначиён барои дастрасӣ ба маълумоти махсус, мисли ҳикояҳои махфӣ ё маслиҳатҳои махсус, пардохт мекунанд. Бо ин роҳ профили шумо ба манбаи даромади доимӣ табдил мешавад.
Ман ба унвони як мутахассиси соҳаи SMM ва маркетинг бо таҷрибаи 7-сола, машваратҳои касбӣ ва амалӣ пешниҳод менамоям барои онҳое, ки мехоҳанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ тиҷоратро ба роҳ монанд, фурӯшро зиёд намоянд ва бренди худро дуруст муаррифӣ кунанд.
Таҷрибаи касбӣ:
2016–2019: Кор бо блогерон ва рушди каналҳо дар YouTube
2019–то имрӯз: Пешбурди тиҷоратҳо дар Instagram, аз ҷумла:
Интернет-магазинҳо
Кафе ва тарабхонаҳо
Турагентӣ ва хидматрасониҳои инфо-бизнес
Фaъолият ҳамчун PR-менеҷер дар Академияи IT
Чаро маҳз ман?
Таҷрибаи амалӣ бо чандин бренд ва тиҷоратҳои воқеӣ
Омӯхтани усулҳои муосир ва санҷидашудаи маркетинг
Наздик ба шароити маҳаллӣ ва қобилияти мутобиқсозии стратегияҳо
Натиҷаҳои аниқ ва рушди воқеии фурӯш дар чандин лоиҳа
Агар шумо дар ҷустуҷӯи машварате ҳастед, ки на танҳо назариявӣ,
балки амалӣ ва ба шароити шумо мутобиқ бошад — ман ба шумо кумак карда метавонам.