SAMIEV UMED
Ассалому алайкум! Хуш омадед ба сомонаи шахсии ман.
Ман — Самиев Умед, зодаи ноҳияи Бохтар (ҳоло Кӯшониён). Ман мисли ҳама як шахси оддӣ ҳастам, вале шояд фарқи ман дар он бошад, ки тамоми зиндагиамро ба омӯзиш ва кор дар интернет бахшидаам ва ин асосоан рохи ягонаи пулкоркунии ман мебошад.
Дар Тоҷикистон, ҳанӯз дар замони мактабхонӣ, вақте дар синфи 7-9 таҳсил мекардам, аллакай сомонаҳо месохтам ва ҳатто як сомонаро бо нархи 35 сомонӣ фурӯхта будам.
То синфи 8 танҳо як телефони "кнопочный" доштам, вале бо ҳамон телефон сомонаҳои хурдро месохтам. Баъд аз он ки телефони Android гирифтам, барномаҳои Android-ро таҳлил карда, онҳоро ба забони тоҷикӣ мутобиқ менамудам ва тугмаҳои лозимаро иваз мекардам.
Ҳамаи ин донишҳоро мустақилона омӯхтам – асосан аз форумҳо ва видеоҳои YouTube.
Баъди хатми синфи 9, дар шаҳри Бохтар ду сол дар Литсейи Касбии Техникӣ таҳсил кардам. Дар он давра пурра сомонасозӣ ва роҳҳои пулкоркунӣ аз интернетро омӯхтам.
Гарчанде он вақт ҳанӯз маблағи калон кор намекардам (агар 5-10 рублро ҳисоб накунем), аммо аллакай медонистам, ки чӣ гуна метавон аз интернет даромад ба даст овард. Ин донишҳо дар оянда, вақте ки ба Русия омадам, ба ман хеле зарур шуданд.
Чӣ тавре ки дар боло қайд кардам, алакай дар вақти мактабхонӣ аз интернет пул кор мекардам. Пулкоркунии ман дар он солҳо ба кори фрилансерҳои имрӯза қариб ки монанд буд. Ман дар сомонаҳое фаъолият мекардам, ки вазифа медоданд, ва ман онҳоро иҷро намуда, бар ивази ҳар як супориш аз 0,1 рубл то 10 рубл мегирифтам.
Гарчанде ин маблағ ночиз менамуд, аммо маҳз ҳамин таҷриба ба ман фаҳмонд, ки ҳатто бе сармоя ва бе таҷрибаи касбӣ низ аз интернет метавон даромад ба даст овард. Ин аввалин қадамҳои ман дар роҳи омӯзиши мустақилона ва фаҳмидани асосҳои иқтисоди рақамӣ буданд. Ин таҷриба ба ман на танҳо фоида, балки боварӣ ва малакаи аввалини кор бо фармоишгарон, ваз
Моҳи августи соли 2016 ба Федератсияи Русия, шаҳри Иваново, барои таҳсил рафтам. Моҳи сентябри ҳамон сол, ман канали шахсии худро бо номи Veimas TV таъсис додам. Дар ибтидо, мундариҷаи каналро ба фактҳо ва далелҳои ҷолиб бахшида будам — мавзӯъҳое, ки таваҷҷуҳи васеи бинандагонро ба худ ҷалб мекарданд.
Бо гузашти вақт ва бештар фаҳмидани имкониятҳои платформа, мавзӯъҳои канали худро васеъ кардам — аз ҷумла пулкоркунӣ тавассути YouTube, монетизатсия, настройка, ва қонунгузории вобаста ба AdSense ва YouTube
Имрӯз, ман соҳиби якчанд канал дар YouTube ҳастам, ки шумораи обуначиёнашон чунин аст:
115,000 обуначӣ
16,000 обуначӣ
14,000 обуначӣ
7,500 обуначӣ
Ҳар кадоми ин каналҳо барои аудиторияи мушаххас муҳтавои алоҳида доранд ва якҷоя таҷрибаи манро ҳамчун муҳтавосоз ва мушовири YouTube нишон медиҳанд. Инчунин, онҳо ҳамчун воситаи даромад ва як қисми муҳими лоиҳаҳои рақамии ман хизмат мекунанд.
Соли 2020 ман Коллеҷи технологии шаҳри Ивановоро бо дипломи сурх хатм кардам. Ихтисосам “технолог” буд, ва агар бо ҳамин ихтисос ба завод мерафтам, маоши он вақт – тахминан 30 000 рубл – дар интизорам буд. Вале ҳанӯз дар давоми таҳсил ман бо роҳҳои дигар, яъне бо истифода аз интернет, хусусан YouTube, ҳамон қадар ва ҳатто бештар пул кор мекардам.
Аз сабабе ки дар муддати кутох тамоми нозукихои Ютубро аз худ кардам, ба ман блогерхо барои "настройка" кардани каналхояшон мурочиат карданро огоз карданд. Аз ин сабаб дар ютуб пули калонтар кор мекардам, аммо аз канали худам не. Дар аввал блогери барои ман мисли як хобби буд барои хамин дар канали шахсии худ кам видео мебаровардам. Аммо каналхои дигар блогеронро "настройка" карда пул кор мекардам.
Минимум 1000 рубл барои гирифтани як пин код максимус 30000 рубл, он вакт баробар ба 500 доллар.
Танхо баъд аз 3 соли блогериам огоз кардам ба пеш бурдани "яке" аз каналхо худ ва хуб хам кардам зеро барои ман ин як даромади иловаги шуд.Аз канале ки пеш мебурдам хар мох ками кам аз 100 то 300 доллар кор мекардам. Охирон маротиба пеш аз хомуш шудани монетизация дар Руссия Адсенс ба ман 30000 рубл равон кард ( дар он вакт курси долар нисбат ба рубл боло рафта буд) Хозир бар замии хомуш будани монетизация хам 25-30 доллар аз як канал дар як мох аз ютуб кор мекунам. Аммо хозир гирифани пул бо кортхои руси аз Адсенс хело мушкил шудааст, аз сабаби тахримхо. Хамин мохи октябр адсенс ба ман 137 доллар (кариб 13 хазор рубл) равон кард аммо Райфайзенбанк хамаи ин пулро гириф хамчун коммисияи бонк.
Соли 2019 як бародари ки он вакт хатто шинос хам набудем пешниходи хамкориро кард, ва мо ширкати Doru Farmo-ро таъсис додем ва аз хамон сол то хозир бо ин бародар хакори карда истодаем. Кори ман хамин буд ки махсулоташро ки бисераш дорухои табии буд реклама карда ба фуруш барорам. Дар он сол мо яке аз аввалин ширкатхое будем ки чунин дорухоро пешкаши мардум мекардем. Дар аввал маоши ман 30 хазор рубл буд баъда 37 хазор баьдан 50% хозир бошад 50000 рубл инчунин квартираи бепул дар шахри Москав. Бисерихо ба фикрам ки ин хел корро орзу мекунанд. Аммо барои ба орзу расидан кореро анчом намедиханд.
Дар инстаграм низ дербоз мехостам ки блоги худро кушоям ва билохира дар охирхои мохи октябри соли 2023 блогамро кушодам ва дар мохи аввал зиеда аз 5000 обуначи чамъ кардам, чор видеоям зиеда аз 200 хазор просмотри гирифтанд, "ахвати" акаунт бошад ба 380 хазор расид. Хозир бошад дар инстгарм кариб дуюм мохи фаъолиятам аст. Дар ин муддат алакай зиёда аз 8 хазор нафар ба ман обуна шудаанд.
Медонед аз хама хубаш дар кушодан ва пеш бурдани блог дар инстаграм чист? Ин бар замми оне ки каме хам бошад дар байни чомеъа шинохта мешави инчунин пул кор кардан аст.Дар бораи пулкоркуни дар инстаграм алакай дар як сахифаи алохида нависта будам, ва аз сабабе ки роххояшро медонам алакай як мохи пурра нашуда 4981 рубл кор кардам, холо он ки ман дар блоги худ умуман ягон махсулоти худро реклама накарда будам. Танхо дар ин сомона ракамхоямро монда будам ки тавасути он ба ман дар алока мебаромаданду маслихат мепурсиданд. Бар замми ин боз се нафари дигарро низ ба шогириди гирифтам ки дар поён пурратат маълумот мегиред
Солхои пеш зиёде аз нафаронро дар сохаи Ютуб омузиш медодем ва ин чизро касе намедиду намедонист. Дар инстаграм бошад аз ин пас кушиш мекунам ки нишон дихам ки касоне ки аз ман дарс мегиранд ба чи натичахо рафта мерасанд. Дар инстаграм хозир ягона шогирди ман ин Парвиз Мирзоев хаст ки имсол дар маросими чоизасупории "Блогери сол" иштирок мекунад. Парвиз дар муддати як сол 26 хазор обуначи дар инстаграм, кариб 10 хазор дар телеграм ва зиёда аз хазор нафар дар ютуб чамъ кард, ки ин натичаи хело хам хуб аст.
Айни замон 2 нафарро бо маблаги 50 хазор рубли руси омузиш дода истодаам ки дар оянда мумкин аст ки онхоро низ дар ин сомона ва профили инстгарми худ муарифи кунам, нафари сеюмро камтар баъд муарифи мекунам. Агар хозир фикр кунед ки 50 хазор пули калон аст ба шумо гуфтниям ки бар ивази ин микдор пул шогирдн тачрибаи хафтсолаи маро мегиред ки ин аз 50 хазор рубл дида болотар аст, ва бо ин тачриба дар оянда мумкин аз ман дида зиёдтар аз интернет пул кор кунанд.