SAMIEV UMED
Интернет магазин — ин мағоза ё дӯкони онлайн аст. Яъне, ба ҷои он ки шумо ба мағоза ё бозор равед, метавонед бо телефони мобилӣ ё компютер дар интернет маҳсулотро бинед ва харидорӣ кунед.
Барои фурӯшандаҳо интернет магазин ҳамон мағозаи оддӣ аст, ки онҳо маҳсулоти худро дар интернет намоиш медиҳанд ва мефурӯшанд. Танҳо фарқаш дар он аст, ки фурӯшанда ва харидор бо интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ муошират мекунанд, на рӯ ба рӯ.
Дар интернет магазин шумо метавонед аксу видеои маҳсулотро бинед, маълумоти маҳсулотро бихонед ва пас фармоиш диҳед. Ҳамин тавр, маҳсулот ба суроғаи шумо мерасад ё шумо метавонед онро аз ҷойи муайян гирифта баред.
Ин тарзи фурӯш осон аст ва барои ҳама мумкин аст. Шумо метавонед маҳсулоти худ ё дигаронро бо нархи ҳамон мағоза онлайн фурӯшед.
Яъне, интернет магазин танҳо як намуди нави фурӯши маҳсулот аст, ки бо ёрии интернет ва телефон ё компютер анҷом мешавад.
Баъди ном, чизе ки шуморо аз дигарон фарқкунанда мекунад, ин логотипи шумо аст. Логотип чист? Логотип ин расми асосии ширкат ё мағоза аст, ва бо дидани ин расм бояд муштарии шумо аллакай дар бораи шумо як тасаввуроте дошта бошад.
Мисол, агар ман логотипи мошинҳои BMW ё Mercedes-ро ба шумо нишон медодам, шумо дар бораашон чӣ мегуфтед? Ҳоло, ки ман танҳо логотипи ин ду ширкатро нишон додам, аллакай шумо дар бораи онҳо тасаввуроте доред ва медонед, ки мошинҳои хубу бо сифат ва тезравро мебароранд.
Муштариёни шумо низ бо дидани танҳо логотипи шумо бояд чунин фикреро дар сар гузаронанд.
Пеш аз гузоштани расму видеоҳо дар Instagram, хоҳ дар видео бошад, хоҳ дар “описание”, ҳатман хусусиятҳои маҳсулоти худро ё ба забон оварда гузаред ё нависед.
Мисол, агар маҳсулоти хӯрока фурӯшед, таркиб, вазн, нарх ва бурдарасониро нишон диҳед. Агар пояфзол фурӯшед, андоза, аз кадом навъи матоъ ё чарм омода шуданаш, давлати истеҳсолкунанда, бурдарасонӣ ва нархро гӯед ё нависед.
Ҳар чӣ қадар бештар дар бораи маҳсулот нависед ё дар видео бигӯед, ҳамон қадар беҳтар аст.
Ҳамчунин, дар зери ҳар як посте, ки дар Instagram мегузоред, метавонед рақами WhatsApp-атонро низ монед.
Агар ному логотипатонро фикр карда баромадед, мегузаред ба суратгирии маҳсулотатон. Тарзи дурусти суратгириро метавонед аз интернет пайдо кунед ва омӯзед, беҳтар аст аз YouTube.
Маслиҳат медиҳам, ки аз як маҳсулот якчанд сурат гиред ва аз ҳама хубаш боз як видеои кӯтоҳ низ сабт кунед.
Дар аввали кор шарт нест, ки суратҳои профессионалӣ гиред, шумо танҳо оғоз кунед, халос. Оҳиста-оҳиста баъдан метавонед сифати сурат ва видеоҳоро баланд бардоред.
Кӯшиш кунед, ки номи ширкат ё мағозаи шумо аз дигарон фарқияти хоси дошта бошад. Мисол, агар ҳоло дар ҷои ҷустуҷӯ дар Instagram калимаи “пояфзол” ё “соат” нависед ва ҷустуҷӯ кунед, қариб ҳамаи номҳо якхелаанд. Дар ҳолате, ки номҳо якхела бошанд, муштарии шумо баъди хариди маҳсулот мегуяд: “Кароче, ира аз Instagram, аз як магазин гирфтм.”
Аммо агар дар ҳамин ҷо номи шумо аз дигарон фарқкунанда ва осон мебуд (ба мисли Зара, Адидас ё Прада), ҳаргиз муштарӣ чунин гуфторро истифода намебурд.
Баъдан, дар Instagram зери номи худ ҷойе ҳаст барои навиштани хусусиятҳои ширкат ё мағозаи шумо. Он ҷо ҳам вобаста ба хусусиятҳоятон маълумотро пур кунед.
Ҳамчунин, барои тамос рақамҳои телефони худро низ навиштан хеле хуб мешавад.
Ана ҳамин буд роҳу қоидаҳои оддии кушодани интернет-магазин, ки айни ҳол баъзе блогерҳои худи мо барои ҳамин маълумот курс месозанду онро ба шумо бо маблағ мефурӯшанд. Ман бошам, то кадри имкон, соддаю равшан ва ба таври ройгон фаҳмонданӣ шудам.
Агар ҳамаи ин қадамҳоро иҷро кунед — албатта натиҷаро мебинед, зеро ман шахсан аз соли 2019 инҷониб дар Instagram бо кушодану пеш бурдани ингуна аккаунтҳо ҳастам.
Агар худи шумо моле барои фурӯш надошта бошед, аммо шиносе доред, ки мехоҳад маҳсулоти худро дар Instagram фурӯшад — ман дар ин ҳолат низ метавонам дар сохтани интернет-магазинаш кӯмак кунам. Ҳамчунин, агар хоҳед, ки маслиҳати шахсӣ (платная консультация) гиред — хоҳ барои Instagram, хоҳ барои YouTube, ё барои роҳандозии интернет-магазини шахсии шумо — метавонед дар WhatsApp ба ман нависед.
Фаромӯш накунед: оғози дуруст — қадами аввал ба сӯи натиҷаи хуб аст!