Маслихатхо оиди сохтани видео

Оддианд вале...
Бисёре аз маслиҳатҳое, ки дар поён зикр мешаванд, шояд дар назари аввал хеле содда намоянд. Аммо маҳз ҳамин қадамҳои оддӣ метавонанд ба шумо кӯмак расонанд, ки видеоҳои таъсирбахш ва ҷолиб эҷод намоед.
Дар хотир дошта бошед: ҳар як блогери машҳуре, ки имрӯз садҳо ҳазор обуначӣ дорад, аз сифр оғоз карда буд — маҳз ҳамон тавре, ки шумо имрӯз ният доред оғоз намоед.
Оғоз кунед. Таҷриба гиред, ва шояд маҳз шумо ба қатори онҳое шомил шавед, ки блогашон на танҳо машҳур, балки фоидаовар низ бошад.
Видеои фоидаовар

Қадами аввалин барои сохтани як видеои хуб — ин андешидани фоидаест, ки он ба тамошобин мерасонад. Пеш аз сабт худ аз худ бипурсед:Агар ман худи тамошобин мебудам, оё пас аз дидани ин видео ба ин канал обуна мешудам?
Ҳамчунин, ба ин савол рост ва софдилона ҷавоб диҳед:Оё шумо воқеан мехоҳед видеои фоиданок эҷод кунед, ё танҳо мехоҳед худро “блогер” номед?
Агар ҷавоби шумо “Бале, ман мехоҳам муфид бошам”, пас вақти он расидааст, ки сенарияи видеоро нависед — бо муҳтаво, бо мақсад ва бо масъулият.

image alt

Суханрони

Баъд аз он ки шумо сенарияи видеои хуб ва фоидаовар навиштед, ба наворгирии он шурӯъ мекунед. Аммо дар ин ҷо як мушкили калон пеш меояд: агар шумо натавонед маълумотро ба таври дуруст ба тамошобин расонед, агар тарзи гапзаниатон мисли роботҳо бе ягон эҳсос бошад, аз тарси камера сенарияро гоҳ-гоҳ фаромӯш кунед ё бо "э", "а" суханронӣ кунед, пас шанси ҷалби тамошобинон хеле ва хеле кам мешавад. Барои ҳамин, тарзи дурусти расонидани маълумот ба тамошобинро омӯзед. Илова бар омӯзиши ин мавзӯъ, инчунин метавонед китоб хонед, зеро хондани китоб луғат (захираи вожаҳо)-и шуморо зиёд мекунад.

Маслиҳатҳо барои дуруст расонидани маълумот ба тамошобин:

Амал кардан бо эҳсосот: Ҳангоми суханронӣ эҳсосоти мувофиқро истифода баред. Масалан, агар мавзӯъ шавқовар аст, табассум кунед ва бо овози пур аз энергия гап занед. Агар мавзӯъ ҷиддӣ бошад, овозатонро мулоим ва мӯътадил нигоҳ доред. Тайёрӣ пеш аз наворгирӣ: Сенарияро чандин бор хонед ва машқ кунед. Беҳтар аст, ки онро пешакӣ дар оина ё пеши дӯстон тамрин кунед, то худро бароҳат ҳис кунед. Танаффуси табиӣ: Ҳангоми гап задан танаффусҳои кӯтоҳ кунед, то тамошобин маълумотро беҳтар қабул кунад ва худатон низ вақт барои фикр кардан дошта бошед. Аз "э", "а" канорагирӣ кунед: Барои пешгирӣ аз ин, пешакӣ ҷумлаҳои худро ба таври равон омода кунед ва агар иштибоҳ кардед, наворро қатъ кунед, нафаси чуқур кашед ва аз нав сабт кунед. Тамос бо камера: Ба линзаи камера ҳамчун ба чашмони дӯст нигоҳ кунед. Ин ба тамошобин эҳсоси наздикӣ медиҳад. Хондани китоб: Барои ғанӣ гардонидани луғат, китобҳои гуногун, аз ҷумла адабиёти бадеӣ, илмӣ ва ё мақолаҳои муфид хонед. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки калимаҳои навро омӯзед ва тарзи ифодаи фикрҳоятонро такмил диҳед.

Монтажи хуб кун

Агар сенарияи хуб навишта, онро ба навор гирифтед, мегузарем ба монтаж кардани видео. Барои шахсоне, ки нав ба ин чода қадам задаанд, тавсия медиҳам, ки аз ҳама осони монтаж кардани видеоро пеша кунанд. Ин ҳам бошад, аз рӯи дигар блогерон нусхабардорӣ кардан аст. Баъд, ки камтар таҷриба мегиред, мефаҳмед, ки дар куҷои видео кадом футаж, дар куҷояш кадом овозро гузоштан лозим аст ва мустақилона, ба тавре ки ба шумо писанд аст, монтажро давом медиҳед.
Дар вақти монтаж кӯшиш кунед, ки кадрҳои видео зуд-зуд тағир ёбанд. Дар ин ҳолат тамошобин аз дидани як кадр, ки аз аввал то охири видео як хел истодаасту ҳеч тағире намеёбад, хаста намешавад ва то охир видеоро тамошо мекунад.

image alt
image alt

Сурати хуб соз

Баъди монтажи хуб, кушиш кун суртаи асосии видеоро низ хуб тайёр куни, дар инстаграм ин суратро "Обложка", дар ютуб "Превью" ном мебаранд, барои сохтани абложка барномахои зиёд дар плей маркет ҳаст, якеашро мегириву месози, аммо дар ин ҷо низ бояд аҳмият диҳӣ, ки матне ки дар болои расм менависӣ хуб хонда шавад, шрифташ зебо бошад ва аз ҳама асос, ранги шрифт ба ранги сурат мутобиқ набошад, рангҳо якхел ё монанд бошанд, хондани матн мушкилтар мешавад, кушиш кун ки дар обложка маънои видеоро кӯтоҳ карда дар худуди ду-се калима нависӣ, халос. Дар вақти "обложка" сохтaн, агар расми худро низ гузоштани бошӣ, кушиш кун то ки дар расмат ягон ҳиссиёт бошад, ҳиссиётро вобаста аз рӯи мавзӯи видеоят интихоб кун.
Илова бар ин, обложка бояд ҷалбкунанда бошад, то одамон хоҳиши тамошо кардан пайдо кунанд.

Видеоро паҳн кун

Агар видеои сохтаат ба шартҳои дар боло зикршуда мувофиқ бошад, пас метавонӣ дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ онро паҳн кунӣ. Аввалан маслиҳат мешавад, ки дар Инстаграм, Ютуб ва ТикТок паҳн намоӣ, баъдан дар Телеграм, Одноклассники ва ВКонтакте. Рафту дар яке аз ин шабакаҳо намоиш (просмотр) хуб нагирифт, дар дигараш метавонад ба натиҷаи хуб расад ва ин шанси туро барои "блогер" шудан зиёд мекунад. Агар дар яке аз ин шабакаҳо обуначиёни ту зиёд шаванд, метавонӣ ин обуначиёнро ба шабакаи дигар "кучонӣ" ва дар он ҷо низ обуначиёни зиёд пайдо кунӣ.

image alt
image alt

Пулкоркуни

Дар интернет, махсусан аз блоги худ, пули хуб кор карда мешавад. Маҳз аз Instagram чӣ хел пул кор карданро дар саҳифаи алоҳида навиштаам — баъд аз хондани пурраи ин маълумотҳо метавонед онро низ даромада хонед.
Лекин, пеш аз ҳама, шумо дар фикри пул коркунӣ не, дар фикри пеш бурдани блогатон шавед. Чунки мумкин аст, ки ин завқе, ки шумо ҳозир доред, як моҳ пас лакай нест шавад.

Хулоса

Хулласи гап ин ки як маротиба ҳамаи инро боз мехонеду мебинед ки видеоҳое ки шумо айни ҳол месозед ба кадом яке аз ин пунктҳо ҷавобгу ҳаст. Ба кадомеаш ки ҷавобгу нест хамон пунктҳоро ислоҳ кунеду халос, баъдан мебинед ки ҳам просмотр ҳам обуначиёнатон рӯз ба рӯз зиед шудан мегиранд. Аммо агар шумо боре ҳам фикри блогер шуданро накарда будед, маслихат медихам ки дар ин бора фикр кунед. Чунки руз ба руз роҳҳои пулкоркунӣ аз интеренет зиёд шуда истодаанд ва блогери ин яке аз роҳҳои осонтарин (дар асл мушкил аст) пулкоркуни ба шумор меравад. Агар шумо имруз шуруъ накунед фардо мумкин аст ки дер шавад...

Аммо агар шумо хоеҳд ки аз ман машравати шахси (платная консультация) оиди инстаграм, ютуб, сайтсози ё кушодани интернет дар алохидаги гиред метавонед ки дар ватcап бо ман дар алоқа бароед

image alt
Машварат бо ман

Дар ватсап пурра нависед ки дар кадом соҳа мехоҳед ки машварат гиред.
Дар ним соати машварат тамоми нозукиҳои мавзуи интихоб кардатонро нуқта ба нуқта мефаҳмонам.

image alt
Ба ман дар шабакахои ичтимои обуна шавед дар оянда низ чунин маслихатхоро зиёдтар хохам дод