13 дек. 2023

Dushanbe City Bank терминалҳоеро ба кор даровардааст, ки якбора то 250 ҳазор сомонӣ қабул мекунанд

Dushanbe City Bank нахустин бор дар Тоҷикистон терминали пур кардани ҳамёни электрониро ба миқдори калони пул фаъол кардааст.


Dushanbe City Bank бори нахуст дар Тоҷикистон терминал барои гузаронидани маблағи зиёдро ба ҳамёни электронӣ роҳандозӣ намуд.


Он дар як маротиба 500 адад пулҳои коғазӣ (бо арзиши 10, 20, 50, 100, 200, 500 сомонӣ) бо шумули пулҳои 100-сомонигии навро ҳам қабул мекунад. Дар як бор ҳамагӣ то 250 ҳазор сомонӣ маблағро гузаронидан мумкин аст.

Пулро метавон бо рақами телефон, инчунин бо QR-код интиқол дод: сарфи назар аз маблағ фоиз ситонида намешавад.



Чунин терминалҳо танҳо дар Dushanbe City Банк амал мекунанд. Ҳамагӣ алҳол онҳо чортоанд: дуто дар Душанбе, дар инфокиоск бо суроғаи Рӯдакӣ 30 назди Театри опера ва балет ва дар  инфокиоски рӯбарӯи МС Ганҷина.

Ҳамчунин боз 2 терминал дар Хуҷанд, дар дафтарҳои кории Dushanbe City Bank бо суроғаи кӯчаи Сирдарё 5 ва хиёбони Исмоили Сомонӣ 51 гузошта шудааст. Терминалҳо шабонарӯзӣ - 24 соат кор мекунанд.

asiaplustj